Ссылки доступа

Дар суқути ҳавопаймое Филиппин на камтар аз 45 кас кушта шуд


На месте крушения в провинции Сулу
На месте крушения в провинции Сулу

Дар суқути ҳавопаймои низомие дар Филиппин на камтар аз 45 кас кушта шудааст.

Даҳҳо тани дигар аз ин ҳодиса ҷони солим ба дар бурдаанд - онҳоро аз зери оҳанпораҳои ҳавопаймо берун оварданд.

Ҳавопаймо натавонист, дар фурудгоҳи ҷазираи Холо фуруд ояд. Ҳавопаймо на камтар аз 90 мусофир, асосан низомиёнро дошт. Ба иттилои вазорати мудофиаи Филиппин, дар фурудгоҳ низ се тан аз ҳисоби афроди мулкӣ фавтидааст.

Ин ҳавопаймо ҳангоми нишастан ба замин бархурда, таркидаву оташ гирифтааст.

Мақомоти мудофиаи Филиппин мегӯянд, чанд мусофир ҳангоми наздик шудани ҳавопаймо ба замин худро аз дохили он ба берун партофтаанд.

Ин ҳавопаймо бори аввал соли 1988 ба парвоз шуруъ кард. Солҳои тӯлоние дар хидмати неруҳои ҳавоии ИМА буд. Танҳо моҳи январи соли ҷорӣ ба ихтиёри Филиппин гузошта шуд.

Таҳқиқи сабабҳои суқути ҳавопаймо шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG