Ссылки доступа

COVID-19 дар Қазоқистон: рӯзи дувум аст, шумори рекордии мубталоён сабт мешавад


Озмоишгоҳҳои Қазоқистон 5 июл хабар доданд, ки дар давоми якшабонарӯзи ахир 3031 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирусро ошкор кардаанд. Ин баландтарин нишондоди рӯзона аз оғози пандемия дар он кишвар аст.

Вазорати тандурустии Қазоқистон як рӯз пеш дар бораи ошкор кардани 3003 ҳолат хабар дода буд.

Рӯзи дувум аст, ки дар Қазоқистон шумори рекордии ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус сабт карда мешавад.

Бино ба омори расмӣ, аз моҳи марти соли 2020 то ба ҳол дар Қазоқистон 436 962 кас ба коронавируси нав гирифтор шудааст.

Дар ҳоли ҳозир шаҳрҳои Нурсултон, Алмато, Чимкент, вилоятҳои Қазоқистони Ғарбӣ, Атирау, Акмолин, Қарағанда, Павлодар ва Мангистау аз нигоҳи теъдоди мубталоён ба минтақаи хатарнок ё "сурх" шомиланд.

XS
SM
MD
LG