Ссылки доступа

Хонаи 29 сокини Исфара, ки дар муноқиша бо Қирғизистон вайрон шуда буд, барқарор шуд


Пас аз ду моҳи муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар пайи он хонаҳои чандин сокинони ҷамоати Чоркуҳ тахриб шуда буд, аз нав бунёд шуд.

Мақомот рӯзи 2-уми июл дар як маросим калиди хонаҳои навсохтро ба сокинон тақудим карданд. Дар муноқишаи марзии рӯзи 28-ум 29-уми апрели соли 2021, 16 хона дар деҳаи Сомониён ва 6 ҳавлӣ дар деҳаи Хоҷаи Аъло пурра тахриб гардида буд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар маросими тақдими хонаҳо ба сокинон гуфт, 29 оила дар муноқишаи наздисарҳадӣ осеб дида, хонаҳояшон оташ зада шуда буд. "Бе ягон чиз монданд, сару либос ҳам надоштанд. Имрӯз мо сару либос, хӯрока, кӯрпа, болишт, оинаи нилгун, яхдон, мошинаи ҷомашӯйӣ, тамоми маводи рӯзгорро бо дастуру супориши Президенти кишвар ба инҳо таъмин кардем."-, иброз дошт Аҳмадзода.​

Дар пайи муноқишаи мусаллаҳона миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон хонаводаи Низомиддин Шамсиддинов аз деҳаи Хоҷаи Аъло беш аз дигарон зиён дид. Дар он ҳодиса, ӯву чор фарзанди муҳоҷираш бе хонаву дар монда буданд ва ҳосили чандинсолаи кишоварзиаш низ ба коми оташ рафт.

Шамсиддинов, мегӯяд, якуним моҳ боз хона надошт ва мушкили дарбадариро паси сар кард: “Тӯли 45 рӯз дар хонаҳои дигарон дарбадар зиндагӣ карда мегаштам. Мана ҳамин сохтмона ташкил карда 11 дар иморати маро барқарор карданд. Бо тамоми лавозимоти ҳозиразамон таъмин карданд.”

Дар бозсозии хонаҳо ба ғайр аз мақомотҳои давлатӣ шахсони хайрхоҳ низ аз роҳи ташкили ҳашар саҳм гузоштаанд. Ба гуфтаи масъулин барои як оила ду ҳуҷра, як даҳлезу айвон, ки ҳудуди 100 метри мураббаъ аст, беш аз 130 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ шудааст. Бар замми ин хонаҳое, ки дар дигар ҷамоатҳои шаҳри Исфара дар рафти муноқиша қисман осеб дидаанд ҳудуди 30 адад ҳисоб шудааст. Дар маросими супоридани хонаҳо дар бархе аз ҳавлиҳо корҳои сохтмонӣ ҳанӯз ҳам идома доштанд.

Маъруф Муҳаммадзода, сардори ситоди вилоятӣ оид ба бартарафкардани хисори низоъи марзӣ гуфт, сохтони хонаи бархе аз сокинони, ки дар ҷараёни ҷанги мусаллаҳона дар марз сахт осеб дида буд, ҳанӯз идома дорад.

“Тавре мушоҳида кардед, сохтмони хонаи ду оила пурра буд нашудааст, ин аз он сабаб, ки ҳаҷми хисороти расонда хеле калон буд. Як оила зиёда аз 350 метри мураббаъ хонаашон сӯхта барбод гардида буд ва ҳарчанд корҳо баробари ин хонаҳо оғоз гардида бошад ҳам корҳо ба охир нарасидаанд. Лекин бо супориши раиси вилояти то 10 рӯзи оянда пурра хонаҳо сохта ба соҳибонашон супорида хоҳад шуд”.-, гуфт Муҳаммалзода.​

Сокинони деҳаҳои наздимарзӣ мегӯянд, ҳарчанд вайронаҳои манзилҳояшон обод шуд, вале таъсири равоние, ки аз ҳодисаҳои рухдода бардоштанд, аз зеҳнҳояшон ба осонӣ дур намешавад ва тарсу ваҳми он рӯзҳо то ҳол онҳоро ором намегузорад.

Комилбой Мӯъминов, сокини Исфара, мегӯяд оромии ин минтақа аз рафтори сокинони деҳоти наздимарзӣ ва мақомоти ҳамсоякишвари Қирғизистон вобаста аст: “Боз агар муносибат нағз шаваду пешинабоин дӯстӣ кунанд, мо ҳам дӯстӣ мекунем. Не агар боз бадбинӣ кунанд ун тарафашро намедонам. Ман 35 сол боз дар ҳамин ҳавлӣ зиндагӣ мекунам ва синну соли ман ҳам ба ҷое расид. Акнун бояд ғами ояндаи фарзанду наберагонро хӯрем”.

Мақомоти Қирғизистон расман хисороти молии дар пайи муноқишаи марзӣ бардоштаашро эълон кард. Вале то имрӯз мақомоти Тоҷикистон расман зиёни расидаи муноқишаи мусаллаҳона дар Исфараро дар умум баён накарданд. Бо ин вуҷуд, манобеъи Радиои Озодӣ дар Ҳукумати вилояти Суғд ҳисоби пешакии ин зарарро наздик ба 12 миллион сомонӣ муодили бештар аз як миллион доллари Амрикоӣ гуфтанд.

XS
SM
MD
LG