Ба ин тартиб, баргузории чорабиниҳои идона, мусобиқаҳои варзишӣ, консертҳо, фестивалҳо, барномаҳои синамоиву театрӣ маҳдуд шуданд.
Мусобиқаҳои варзишӣ бидуни ширкати мухлисон баргузор мешаванд.
Шуруъ аз 1 август дар ҳудуди Узбекистон назорати беҳдоштии баргузории туйҳо, маросими дафн ва дигар маъракаҳои хонаводагӣ низ сахттар мешавад.
Ҳафтаи гузашта Комисияи махсуси мубориза бо вабои коронавирус дар Узбекистон тасмим гирифт, аз 28 июн то 12 июл маҳдудиятҳои карантинӣ ҷорӣ кунад.