Ссылки доступа

Президентҳои Тоҷикистону Узбекистон вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд


Рӯзи 5 июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар ин гуфтугӯ вазъи Афғонистон баррасӣ шудааст.

Аз маркази матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ доданд, ки ду президент баргузории саммити роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ кардаанд.

Низоъи мусаллаҳона байни толибон ва неруҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон, дар наздикии марзи Узбекистону Тоҷикистон дар ҳафтаҳои ахир шиддат ёфтааст.

ИМА аз роҳбарони се кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон даъват кард, ки то 9 ҳазор гурезаи афғонистониро дар хоки худ ҷой диҳанд.

XS
SM
MD
LG