Ссылки доступа

Қирғизистон: Теъдоди хонаҳое, ки дар низои марзӣ бо Тоҷикистон осеб дидаанд, ба 140 расид


Сохтмони хонаҳое, ки дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон дар натиҷаи низои марзӣ бо Тоҷикистон тахриб шуда буданд, оғоз шудааст.

Ин хонаҳо аз маҳсулоти сабуке сохта мешаванд, ки аз Туркия ворид гаштааст. Дар ҳоли ҳозир девори чаҳор хонаро бардоштаанд.

Намояндаи махсуси президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Мамурҷон Раҳимов 5 июл гуфт, теъдоди хонаҳое, ки дар натиҷаи низои марзӣ бо Тоҷикистон тахриб шудаанд, ба 140 расидааст. Пештар теъдоди онҳо 136 адад гуфта мешуд.

Ба гуфтаи Раҳимов, тамоми ин хонаҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Қирғизистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Рӯзҳои 29-30 апрели соли равон дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо манзили зист ба коми оташ фурӯрафтанд.

XS
SM
MD
LG