Имрӯз, 6 июл ҷонибдорони ҳизби сабтиномнашудаи демократи Қазоқистон дар шаҳри Алмато дар назди Қасри варзиш ҷамъ шуда, гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Рӯёрӯӣ бо пулис замоне сар зад, ки роҳбари гуруҳ Жанболат Мамай аз ҷамъшудаҳо даъват кард, дар ивази гирдиҳамоӣ роҳпаймоӣ кунанд.
Пулис ҷамъшудаҳоро дар муҳосира гирифта, иҷозаи ҳаракат намедиҳад.
То соати 13-и рӯзи 6 июл наздики 100 кас дар муҳосираи пулис боқӣ монда буд.