Ссылки доступа

Узбекистон то ҷашни истиқлолаш ба хати лотинӣ мегузарад


Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ба тамоми вазорату идораҳо, аз ҷумла Шӯрои вазирони Қарақалпоқистон, шаҳрдории Тошканд ва маъмуриятҳои вилоятӣ дастур дод, ки раванди гузариш ба алифбои лотиниасосро суръат бахшанд.

Девони вазирони Узбекистон 10 феврал "харитаи роҳ"-и тадриҷан гузаштан ба алифбои лотиниасосро тасдиқ карда буд. Бар асоси "харитаи роҳ", ҳамаи номгузории кучаву хиёбонҳо, истилоҳҳо, корхонаҳо, лавҳаҳо, эъломҳо ва ҳуҷҷатнигории корие, ки ҳоло бо ҳарфҳои кирилӣ дар он кишвар анҷом дода мешаванд, бояд то моҳи декабри соли 2022 пурра ба ҳарфҳои лотинӣ гузаронида мешуд.

Вале тибқи қарори ахири Орипов гузариш ба ҳарфҳои лотинӣ "дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Узбекистон" бояд то 1 августи соли равон анҷом шавад.

XS
SM
MD
LG