Ссылки доступа

Ба хонаводаҳои фавтидагону зиёндидагони Қирғизистон дар низои марзӣ бо Тоҷикистон ҷуброн пардохтанд


Ба 27 хонаводаи фавтидагони Қирғизистон дар низои марзӣ бо Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн сомӣ (наздики 118 ҳазор долларӣ) ҷуброн пардохтанд.

Ойбек Ҷунушалиев, муовини аввали раиси девони вазирони Қирғизистон рӯзи 6 июл хабар дод, 67 хонаводаи дигар, ки манзилҳояшон дар он низоъ зиён дида буданд, аз 50 ҳазор то 1 млн сомӣ ҷуброн дарёфт карданд.

Барои пӯшонидани ин харҷ аз буҷаи давлатии Қирғизистон 51 млн сом ҷудо шудааст. Девони вазирони Қирғизистон ҳаҷми зарари аз низои марзӣ расидаро 1,3 млрд сом баҳо гузошта буд.

Рӯзҳои 29-30 апрели соли равон дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низоъ сар зада, дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо манзили зист ба коми оташ фурӯрафтанд.

XS
SM
MD
LG