Тибқи фармон, то 1 октябри соли равон дар Узбекистон бояд лоиҳаи қонуне таҳия шавад, ки қарордодҳои аз роҳи фасодкорӣ басташударо беэътибор эътироф мекунад. Ин қонун ҳамчунин паёмади ҳуқуқии иштироки хидматчиёни давлатӣ дар тиҷоратро муайян мекунад.
Ба ҷуз ин, аз 1 августи соли равон натиҷаи озмунҳо дар соҳаи хариди давлатӣ ошкоро эълом ва расмиёти санҷиши шарикон оид ба хариди давлатӣ таҳия карда хоҳад шуд.
Аз 1 октябри соли равон дар тамоми ниҳодҳои давлатии Узбекистон бо шумули маъмуриятҳои вилоятӣ сохтори дохилии зидди фасод ташкил мешавад.
Оҷонси мубориза бо фасоди Узбекистон аз 1 декабри соли 2021 ҳамасола раддабандиеро нашр хоҳад кард, ки муассир будани корҳои зиддикоррупсиониро баҳо медиҳад.