Ин нукта дар фармони президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев дар бораи дастгирии минбаъдаи ҷавонони болаёқат баъд аз дохил шудан ба муассисаҳои олии таълимӣ зикр шудааст.
Фармон ҳамчунин тартиби дарёфти гранти президентиро низ муайян мекунад. Онро довталабе дарёфт хоҳад кард, ки дар рӯйхати номзадҳо ба квотаи гранти президентӣ мақоми охиринро касб кардааст.
Барандагони гранти президентиро Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба маълумоти олӣ ва Оҷонси кор бо ҷавонони Узбекистон муайян мекунанд. Тибқи натиҷаҳои озмун, барандагон бо стипендияи давлатии президенти Узбекистон сарфароз хоҳанд гашт.