Ссылки доступа

Президенти Гаитӣ Жовенел Моизро дар хонааш паронданд


Афроди номаълум президенти Гаитӣ Жовенел Моизро дар манзили зисташ парондаанд. Сарвазири пешини Гаитӣ Клод Жозеф хабар дод, ки дар натиҷаи ин ҳамла бонуи рақами яки он кишвар ҳам маҷруҳ шудааст.

Ба гуфтаи Жозеф, дар ҳоли ҳозир вазифаҳои президенти Гаитиро муваққатан ӯ анҷом медиҳад.

Клод Жозеф рӯзи душанбе аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ Ариэл Анрӣ раиси ҳукумати он кишвар таъйин шуда буд. Худи Анрӣ вазъро то ҳол шарҳ надодааст.

Гаитӣ яке аз фақиртарин давлатҳои ҷаҳон аст ва ҳукумати он кишварро барои ҷорӣ карда натавонистани тартибот дар кучаҳо, ки аз сӯи гуруҳҳои мусаллаҳ идора мешаванд, танқид мекунанд.

Моизи 53-сола дар натиҷаи интихоботе президенти Гаитӣ эълом гашт, ки даври аввали он соли 2015 ва даври дувумаш соли 2016 баргузор гашт.

XS
SM
MD
LG