Ссылки доступа

Сухангӯи президенти Қирғизистон гуфт, ҳукумат дар рабудани Инандӣ даст надорад


Эрбол Султонбоев, сухангӯи президенти Қирғизистон гуфт, гумонҳо дар бораи даст доштани ҳукумати Қирғизистон дар рабудани Орхан Инандӣ комилан бепоя ҳастанд.

Ба гуфтаи вай, аз рӯзҳои аввали нопадид шудани Инандӣ президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дастур дод, ки ҷустуҷӯи вай шадид карда шавад.

"Гузашта аз ин, тавре маълум шуд, пештар се маротиба талош шудааст, ки Орхан Инандӣ рабуда шавад. Мақомоти мо аз Инандӣ хоста буданд, ки эҳтиёткор бошад", - гуфт Султонбоев.

Вай афзуд, масъалаи рабуда шудани Инандӣ бо ҷониби Туркия дар миён гузошта шудааст.

Хабаргузории давлатии Туркия Anadolu навишт, ки Орхан Инандӣ бо айби "таъсис ва ё роҳбарии созмони мусаллаҳи террористӣ" боздошт шудааст.

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, Инандӣ аз соли 2001 ба ин сӯ дар созмони ФЕТО-и марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳонии Турк фаъолият кардааст.

"Орхан Инандӣ - масъули созмони ФЕТО буд, вай ба аъзои созмони мазкур, ки аз Туркия ба Қирғизистон фирор мекарданд, паноҳгоҳ медод. Муайян карда шуд, ки вай ғайриқонунӣ ба 25 узви ФЕТО шиносномаи қирғизӣ дастрас кардааст", - хабар медиҳад Anadolu.

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия гуфт, Орхан Инандӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст. Дар ин бора Эрдуғон рӯзи 5 июл хабар дод.

Ба гуфтаи вай, амалиёти ба Туркия овардани Инандиро Созмони миллии иктишофӣ анҷом додааст. Эрдуғон аз Орхан Инандӣ "мудири ФЕТО (созмони марбут ба Фатҳуллоҳ Гюлен, руҳони турк, ки дар ИМА зиндагӣ дорад) дар Осиёи Марказӣ" ном бурд. "Мо ба ҳеч сохторе иҷоза намедиҳем, ки камин гирад, хун резад ва ё зарари моливу маънавӣ орад ва мавҷудияташро идома диҳад", - гуфт Эрдуғон.

Вай илова кард, ки то кунун бештар аз 100 кас аз кишварҳои дигар ба Туркия истирдод шудааст.

Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1 июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инон гуфт, он шаб падараш занг зада гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Орхан Инон зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

XS
SM
MD
LG