Ба иттилои раёсат, Орхан Инон аз шиносномаи туркӣ, ки муҳлаташ соли 2024 ба поён мерасид, истифода карда, аз соли 2014 то соли 2018 27 бор аз Қирғизистон ба Қазоқистон, АМА, Русия, Туркия ва Ҳиндустон парвоз кардааст. Ҳамчунин аз соли 2018 бо шиносномаи қирғизӣ 9 бор ба Русия, Қазоқистон ва Ҳиндустон парвоз намудааст.
"Ӯ ҳам шиносномаи шаҳрванди Қирғизистон ва ҳам шиносномаи шаҳрванди Туркияро доштааст. Инон дар Туркия таваллуд шуда, аз шаҳрвандии он кишвар даст накашидааст. Ниҳодҳои дахлдор соли 2019 тафтиши қонунӣ будани шиносномаи қирғизии Инонро оғоз кардаанд", - омадааст дар иттилоияи раёсат.
Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1 июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Чанде пеш Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия хабар дод, ки Орхан Инон аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст.
Орхан Инон зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.