Ссылки доступа

Чаҳор гумонбар дар қатли президенти Ҳаитӣ кушта шуданд


Полицейские у резиденции президента Гаити в Порт-о-Пренсе
Полицейские у резиденции президента Гаити в Порт-о-Пренсе

Сардори пулиси Ҳаитӣ Леон Шарл хабар дод, ки неруҳои амниятии ин кишвар шаби гузашта чаҳор гумонбар дар куштори президент Жовенел Моизро паронда, ду тани дигарро зинда дастгир карданд.

Ба гуфтаи Леон Шарл, ҳамлагарон се корманди пулисро асир гирифта буданд, вале дар натиҷаи як амалиёт дар пойтахти Ҳаитӣ - шаҳри Порт-о-Пренс маъмурон озод карда шуданд.

"Пулиси миллӣ гумонбарони эҳтимолӣ дар куштори президент Жовенел Моизро дастгир кард", - навиштааст вазири алоқаи Ҳаитӣ Франтс Экзантус дар Твиттер.

Президенти Ҳаитӣ Жовенел Моизро шаби гузашта дар манзили зисташ парондаанд. Сарвазири пешин Клод Жозеф бо тасдиқи ин хабар гуфт, вазифаҳои президенти Ҳаитиро муваққатан ӯ анҷом медиҳад.

Клод Жозеф рӯзи душанбе аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Ариэл Анрӣ раиси ҳукумати он кишвар таъйин шуда буд. Худи Анрӣ вазъро то ҳол шарҳ надодааст.

Ҳаитӣ яке аз фақиртарин давлатҳои ҷаҳон аст ва ҳукумати он кишварро барои ҷорӣ карда натавонистани тартибот дар кӯчаҳо, ки аз сӯи гуруҳҳои мусаллаҳ идора мешаванд, танқид мекунанд.

Моизи 53-сола дар натиҷаи интихоботе президенти Ҳаитӣ эълом гашт, ки даври аввали он соли 2015 ва даври дувумаш соли 2016 баргузор гашт.

XS
SM
MD
LG