Тавре хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ додааст, ин конфронс бо ташаббуси раисҷумҳури он кишвар Шавкат Мирзиёев баргузор мешавад.
Ҳадафи асосии ҳамоиш тақвияти робитаҳои таърихии наздик, дустӣ, боварӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба манфиати мардуму давлатҳои ду минтақа мебошад.
Қарор аст, дар конфронс раҳбарони Узбекистону Афғонистон, сарвазири Покистон, вазирони хориҷиву намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ниҳодҳои ҷаҳонии молӣ ва марказҳои бонуфузи таҳлиливу таҳқиқотӣ иштирок кунанд.
Иштирокдорони ҳамоиш имкони пешбурди ташаббусҳоеро баррасӣ хоҳанд кард, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, нақлиётӣ, ҳамлу нақл, фарҳангӣ ва башардустона дар доираи таҳкими минбаъдаи робитаҳои минтақавӣ равона шудаанд.