Ссылки доступа

Дар тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду кас захмӣ шудааст


Пограничники на кыргызско-таджикской границе. Май 2021 года. 

Дар як тирпарронӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ду марзбони кишвари ҳамсоя захмӣ шудаанд.

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар эъломияе гуфт, ҳодиса пас аз зуҳри 8-уми июл рух дод. Чанд соат пас аз ин изҳорот Хадамоти марзбонии Қирғизистон рух додани тирпаррониро тасдиқ кард ва гуфт, "маълумот дар бораи осебдидагони даргирӣ таҳқиқ мешавад".

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, тирпарронӣ пас аз он шуруъ шуд, ки чаҳор сарҳадбони Қирғизистон "бо либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ ва силоҳи оташфишони АК" сарҳади Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд "ғайриқонунӣ гузаштанд". Вале мақомоти Қирғизистон ҳодисар "ҳамлаи ногаҳонӣ" ба нерӯҳи марзбонии худ номиданд.

Дар изҳороти тарафи Тоҷикистон гуфта мешавад "номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд", аммо тарафи Қирғизистон дар эъломияи худ мегӯяд, "ҳайти савораи марзбонӣ, ки дар наздикии ағбаи Чашмагилдони ноҳияи Лаклаки вилояти Бодканд вазифаи худро дар дидбонии хатти марз анҷом медод, аз тарафи марзбонони Тоҷикистон ҳадафи ҳамла қарор гирифт."

Вале бино бар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, сарҳадбонони Қирғизистон ба амри марзбонони тоҷик итоат накарда, "аз силоҳ оташ кушоданд". Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ ду сарҳадбони қирғиз захмӣ гардидаанд.

Ба иттилои расмӣ, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷойи ҳодиса буда, қазияро таҳқиқ мекунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 километр сарҳад солҳо боз ба яке аз мушкили ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъ сар зад ва дар он муноқиша дар марзи вилояти Суғд ва Бодканд аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG