Ссылки доступа

Дар доираи парвандаи кони тилои Қумтор президентҳои пешини Қирғизистон дар пайгард эълом шуданд


Қамчибек Тошиев, раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар як нишасти хабарӣ рӯзи 8 июл аз натиҷаҳои тафтишоти парвандаи ҷиноии фасодкорӣ дар кони тилои "Қумтор" иттилоъ дод.

Тошиев гуфт, дар доираи парвандаи мазкур президентҳои пешини Қирғизистон Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев дар пайгард эълом шудаанд.

Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон ба хориҷ аз Қирғизистон фирор кардаанд.

Дар доираи парвандаи кони тилои "Қумтор" то ин замон вакилони кунунии порлумон Асилбек Ҷеенбеков ва Торобой Зулфиқоров, вакилони пешин Исҳоқ Пирматов ва Талантбек Узакбоев, инчунин сарвазири пешини Қирғизистон Омурбек Бабанов боздошт шудаанд. Ҳамаи онҳо дар фасодкорӣ гумонбар мешаванд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати "Қумтор Голд Компани" мудирияти муваққат ҷорӣ кунад.

Кони тилои Қумторро дар Қирғизистон ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекунад. Ин ширкат аз тасмимҳои охир дар Қирғизистон нигарон аст. Ширкат гуфт, ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят хоҳад бурд.

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Қирғизистон дар ин кон 26 дарсад саҳм дорад.

XS
SM
MD
LG