Ссылки доступа

Гармои шадид дар Узбекистон: сокинон аз мақомот сабукӣ хостанд


Ҳарорати ҳаво рӯзҳои ахир дар вилоятҳои Узбекистон боло рафта, дар баъзе ноҳияҳо то ба 49 дараҷа расидааст.

Ба иттилои Маркази обуҳавошиносии Узбекистон, сокинони ин кишвар гармтарин тобистон дар давоми 150 соли ахирро доранд.

Сар аз 1 июл якбора боло рафтани ҳарорати ҳаво дар манотиқи Узбекистон мушкилиҳоеро аз қабили қатъи неруи барқ дар шаҳрҳо ва иншоотҳои истеҳсолӣ ба миён овардааст.

Фаъолони маданӣ ва бархе аз вакилони порлумони Узбекистон ба мақомот пешниҳод кардаанд, то ба соати кории онҳое, ки дар вазъи обуҳавои ғайримуқаррарӣ кор мекунанд, тағйирот ворид карда, реҷаи кориро ба субҳгоҳӣ ва шабона тақсим кунанд.

Раҳбарияти Маркази обуҳавошиносии Узбекистон 8 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканд гуфт, ба девони вазирони он кишвар пешниҳод кардаанд, то ба онҳое, ки дар шароити обуҳавои ғайримуқаррарӣ кор мекунанд, имтиёз дода шавад.

XS
SM
MD
LG