Ссылки доступа

Оташсӯзиҳои Қарағанда 39 кишоварзро аз чарогоҳ маҳрум сохт


Мақомоти ноҳияи Улитауи вилояти Қарағандаи Қазоқистон шумори осебдидаҳо дар натиҷаи сӯхтори даштро маълум карда, ба муайянсозии ҳаҷми хисорот пардохтаанд.

Оташе, ки дар дашти ин минтақа сар зад, садҳо чорвои кишоварзон ва зироати беш аз 5 ҳазор ҳектар заминро нобуд сохтааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи сӯхтор чарогоҳ ва зироатҳои 39 кишоварз осеб дидааст. Муовини раиси вилояти Қарағанда Серик Шайдаров дар суҳбат бо осебдидаҳо гуфт, ки ба онҳо кумак хоҳанд кард. Ба кишоварзони зарардида ваъда додаанд, ки баъди муайян кардани ҳаҷми хисорот давлат ба онҳо ҷуброн мепардозад.

Дар ҳамин ҳол мақомоти оташнишонии Қарағанда хабар дода, ки сӯхтор пурра хомуш карда шудааст.

Мақомоти қазоқ дар натиҷаи сар задани сухтор дар даштҳои Қарағанда дар се минтақаи Улитау вазъи фавқулода эълом карда буданд. Ба хомуш сохтани оташ сокинони маҳаллӣ низ ҷалб шуданд.

XS
SM
MD
LG