Ссылки доступа

Туркманистон ба марз бо Афғонистон неру фиристод


Панорама Ашхабада, столицы Туркменистана
Панорама Ашхабада, столицы Туркменистана

Мақомоти Туркманистон дар пайи ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон неруҳои эҳтиётиро дар шаҳри Ишқобод ба ҳолати омодабош дароварданд.

Ба иттилои бахши туркмании Радиоли Озодӣ, мақомоти ин кишвар чанд рӯз пеш низ ҷойгиркунии техникаҳои вазнини низомӣ, чархбол ва зиреҳпушҳоро дар наздикии марз бо Афғонистон оғоз карда буданд.

Қисми низомие, ки дар шаҳри Марӣ қарор дошт, ба минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон кучонида шуд. Дар ин бора як манбаи баландпоя дар ниҳоди амниятии Туркманистон хабар дод. Марӣ дар 400-километрии Сарҳадобод, гузаргоҳи асосии марзии Туркманистон бо Афғонистон ҷойгир аст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо аз даъват шудани намояндагони Толибон ба Ишқобод хабар медиҳанд. Намояндаи расмии гуруҳ дар Қатар Муҳаммад Наим баргузории гуфтугӯ дар Ишқобод ва баррасӣ шудани масоили амниятиро миёни ҷонибҳо тасдиқ кард.

Туркманистон бо Афғонистон 800 километр марзи муштарак дорад.

XS
SM
MD
LG