Ссылки доступа

Бердимуҳаммадов писарашро ба мақоми нав таъйин ва вазирони соҳибнуфузро барканор кард


Президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов писараш Сардорро ба мақоми ноиб-сарвазир дар умури иқтисодӣ, масоили бонкӣ ва созмонҳои байналхаоқии молӣ таъйин кард. Дар ин бора Бердимуҳаммадов дар як ҷаласаи ҳукуматаш рӯзи 9 июл хабар дод.

Ба ин тартиб, Сардори 39-сола аз мақоми раисии Палатаи олии назорат барканор шудааст.

Ин дувумин таъйиноти Сардор ба мақомҳои болоӣ дар ним соли охир аст. Моҳи феврали соли ҷорӣ писари Бердимуҳаммадов ба мақоми раисии Палатаи олии назорати Туркманистон таъйин шуда буд.

Аз моҳи феврал ба ин су Сардор Бердимуҳаммадов борҳо ҳайати ҳукуматии Туркманистонро дар сафарҳои хориҷӣ роҳбарӣ кард.

Сардор Бердимуҳаммадов фаъолияти сиёсиашро соли 2016 шуруъ кард.

Дар расонаҳои расмии Туркманистон аз Сардор ба унвони "писари халқ" ёд мекунанд.

Дар ҷаласаи рӯзи 9 июл Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов Шомуҳаммад Дурдилиевро аз мақоми муовини раиси девони вазирони Туркманистон барканор кард.

Ҳамзамон раиси Бонки марказии Туркманистон Мардон Аннадурдиев аз мақомаш барканор шудааст.

XS
SM
MD
LG