Ссылки доступа

Даъвогари курсии президенти Узбекистон Ҷаҳонгир Отаҷонов гуфт, "аз сиёсат дур мешавад"


Ҷаҳонгир Отаҷонов, ки аз сӯи ҳизби сиёсии "Эрк" ба интихоботи президентии Узбекистон пешбарӣ мешуд, гуфт, тасмим гирифтааст, ки аз сиёсат дур шавад ва ба овозхониаш идома диҳад.

Ҷаҳонгир Отаҷонов рӯзи 10 июл дар саҳифаи Instagram навишт, ӯро фикри падару модараш ба ин тасмим водор кардааст.

"Ман 15 рӯз аст, ки изҳороте нашр накардаам. Зеро ҳар изҳороти сиёсии ман умри модари маро 5 сол кам мекунад. Ашки волидони ман бароям гарон меуфтад. Зарур нест, ки курсии президентро бо ин роҳ ба даст орам. Аз ҳамин хотир ман аз тимам узр мехоҳам, тасмим гирифтам, ки аз сиёсат дур шавам", - навишт Отаҷонов.

Вай илова кард, ки соли ҷорӣ ба ифтихори модараш консерте баргузор хоҳад кард.

Рӯзи 26 майи имсол ҳизби сиёсии "Эрк" эълом кард, Отаҷоновро ба ҳайси номзад ба интихоботи президентии моҳи октябри соли ҷорӣ пешбарӣ мекунад.

Ҷаҳонгир Отаҷонови 42-сола моҳи декабри соли 2020 эълом кард, ки тарки саҳнаи овозхонӣ мекунад. Вай дар моҳи январи имсол гуфт, тасмим дорад, ки дар интихоботи президентии моҳи октябр ширкат варзад.

Қонунгузории Узбекистон талаб мекунад, ки номзадҳо танҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шаванд.

Ҳизби сиёсии "Эрк" аз сӯи мухолифи ҳукумати Узбекистон Муҳаммад Солиҳ дар солҳои 90-уми асри гузашта таъсис шудааст. Муҳаммад Солеҳ солҳои тӯлонист, ки дар Туркия паноҳанда аст.

Баъд аз эъломи ширкат дар интихоботи пешорӯи президентӣ дар Узбекистон нисбати Ҷаҳонгир Отаҷонов таҳқиру туҳматҳо зиёд шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз вай талаб доранд, ки аз ин тасмимаш даст кашад.

XS
SM
MD
LG