Ссылки доступа

Арзиши сертификати COVID - $60: дар Қазоқистон ҳуҷҷатҳои воксинзаниро тиҷорат мекунанд (видео)


Как в Казахстане получают поддельные сертификаты о прививке
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:34 0:00

Тақаллуби сертификати воксинзанӣ дар Қазоқистон ба як тиҷорати сердаромад табдил шудааст.

Дар бархе аз беморхонаҳои шаҳри Алматои он кишвар пизишкон ба сокинон пешниҳод мекунанд, ки бидуни воксин сертификат бихаранд.

Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон хабар медиҳад, ки ин гуна тиҷорат қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар мушоҳида мешавад.

"Чанд рӯз пеш кормандони мо дар се минтақа пизишконро ҳангоми фурӯши сертификат боздошт карданд", - хабар медиҳад Марат Аҳмадҷонов, раиси хадамоти зидди фасоди Қазоқистон.

Ба гуфтаи мақомоти он кишвар, ба тиҷорати мазкур на танҳо кормандони соҳаи тиб, балки ширкатҳои сайёҳӣ низ шарик шудаанд. Бо гумони таҳияи сертификатҳои тақаллубӣ барои зоирони Маккаву Мадина кормандони як ширкати сайёҳӣ боздошт шудаанд.

В России начали бороться с поддельными сертификатами о COVID-прививке. Вот как это происходит
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:45 0:00

XS
SM
MD
LG