Маркази тақсимот-табобатӣ бо 1000 кат, ки моҳи августи соли гузашта дар асоси маҷмааи варзишии вилояти Самарқанд таъсис ёфта, то чанд рӯзи пеш баста буд, дубора боз шудааст.
Мубталоёни коронавирус то ин дам дар ду беморхонаи Самарқанд, ки барои 340 кас пешбинӣ шудаанд, табобат мешуданд. Дар ин бора сардухтури Самарқанд Аҳмадҷон Бобоҷонов ба расонаҳо хабар додааст.
Маркази махсуси табобатии мубталоёни коронавирус бо 400 кат дар вилояти Андиҷон низ дубора дарҳои худро боз кардааст. Гирифторони вируси навро дар Андиҷон то имрӯз дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Андиҷон табобат мекарданд.
Қаблан марказҳои табобатӣ барои мубталоёни коронавирус дар вилояти Тошканд ҳам дубора кушода шуданд.