Ссылки доступа

Дар шаҳри Алмато кормандони се муассисаи тиббӣ дар тақаллуби асноди тиббӣ ва воксинзанӣ гумонбаранд


Пулиси шаҳри Алмато хабар дод, ки кормандони се муассисаи тиббӣ дар тақаллубсозии натиҷаҳои ташхиси коронавирус ва сертификати воксинзанӣ гумонбаранд.

Дар ду ҳолат кормандони муассисаҳои хусусии тиббӣ бо гумони тақаллубсозии аснод боздошт шудаанд. Дар як ҳолати дигар кормандони беморхонаи давлатӣ бо айни ҳамин гумон боздошт шудаанд.

Расонаҳои Қазоқистон хабар доданд, ки тақаллуби сертификати воксинзанӣ дар он кишвар ба як тиҷорати сердаромад табдил шудааст.

Дар бархе аз беморхонаҳои шаҳри Алматои он кишвар пизишкон ба сокинон пешниҳод мекунанд, ки бидуни воксин сертификат бихаранд.

Хадамоти зидди фасоди Қазоқистон хабар медиҳад, ки ин гуна тиҷорат қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар мушоҳида мешавад.

"Чанд рӯз пеш кормандони мо дар се минтақа пизишконро ҳангоми фурӯши сертификат боздошт карданд", - хабар медиҳад Марат Аҳмадҷонов, раиси хадамоти зидди фасоди Қазоқистон.

Ба гуфтаи мақомоти он кишвар, ба тиҷорати мазкур на танҳо кормандони соҳаи тиб, балки ширкатҳои сайёҳӣ низ шарик шудаанд. Бо гумони таҳияи сертификатҳои тақаллубӣ барои зоирони Маккаву Мадина кормандони як ширкати сайёҳӣ боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG