Ссылки доступа

Дар Тошканд пулис як трансгендерро бо марде, ки ӯро латту кӯб кард, "оштӣ" дод


Трансгендер Нигина (Миршариф Закиров).
Трансгендер Нигина (Миршариф Закиров).

Наздикони трансгендери узбекистонӣ Нигина (ному насаби аслиаш Миршариф Зокиров), ки рӯзи 7 июл дар манзилаш дар шаҳри Тошканд латту кӯб шуд, гуфтанд, ин ҳодиса махсус ташкил шудааст.

Хешовандони Нигина ба мақомоти ҳифзи тартибот хабар доданд, аммо дертар вай бо марде, ки ӯро латту кӯб кард, "оштӣ" кардааст.

Марде, ки тағйири ҷинс кардааст, бо айби қаллобӣ ва нигаҳдории маводи мухаддир 3 сол зиндонӣ шуда буд. Вай 22 июн аз маҳбас ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шуд.

"Нигина бо марде, ки ӯро латту кӯб кард, ҳамон рӯзи 7 июл ошно шуд. Марде аз Нигина маблағ пурсидааст. Баъди ҷавоби рад гирифтан, мард Нигинаро латту кӯб кардааст", - гуфт яке аз пайвандони Нигина ба шарти ифшо нашудани номаш.

Пулис ба ҷанҷоли онҳо дахолат карда, аммо рӯзи 10 июл хабар дод, Нигина бо марде, ки ӯро латту кӯб кард, "оштӣ" кардааст.

XS
SM
MD
LG