Рассоми 33-сола аз Тошканд Абдураҳмон, ки ӯро "Бэнксии узбек" ҳам меноманд, моҳи майи соли 2020 дар авҷи пандемияи коронавирус дар девори мактаб-боғчаи хусусиии "Little Harvard School" расми "Мона Лиза"-ро кашида буд.
Тавре маълум шуд, расмро маъмурияти мактаб пок кардааст.
Абдураҳмон мегӯяд, ин расм он замон бо иҷозати маъмурияти мактаб кашида шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, 25 июни соли равон касе дар рӯи "Мона Лиза" ниқоб кашидааст.
"Як рӯз баъд ман расмро дубора барқарор кардам, вале маъмурияти мактаб ба ин нигоҳ накарда, онро пурра пок кардааст. Мутаассифона, ин мардум аз ҳунар хеле дур ҳастанд", - афзуд ӯ.
Мудири "Little Harvard School", ки худро Шоҳида Исроилова муаррифӣ кард, гуфт, расмро пурра пок карданд, чун он таваҷҷуҳи зиёдеро ҷалб мекард ва ба як макони аксгирии ҷавонон табдил ёфта буд.
"Писарону духтарон дар расм рақамҳои худро навишта, маҳалли вохуриро қайд мекарданд. Тасмим гирифтем, расми "Мона Лиза"-ро пок кунем, зеро ба хонандагони мо таъсири манфӣ мерасонд. Мо ин корро ба хотири ҳимояти хонандагонамон аз таъсири манфии берунӣ анҷом додем. Мо зидди Леонардо да Винчӣ ва асарҳои ӯ нестем. Мо зидди сарусадоҳо атрофи Мона Лиза ҳастем", - изҳор дошт мудир.
Расонаи мустақили "AsiaTerra" пок кардани расми мона Лизаро ба баромади блоргер ва корманди Маркази тамаддуни исломӣ Аброр Абдуазимов, маъруф ба Аброр Мухтор Алӣ рабт дод.
Расона суханҳои блогерро аз ҷараёни "рейд"-е дар фурӯшгоҳҳои китоби пойтахти Узбекистон дар ҳафтаи гузашта иқтибос овардааст, ки мегӯяд, шоҳкориҳои рассомони Ғарб, аз қабили Леонардо да Винчӣ ва Рембрандт "барои мардуми узбек бегона ҳастанд".