Ссылки доступа

Орҳан Инондиро қирғизҳо рабуда, ба Туркия фиристодаанд


Президенти муассисаҳои байналхалқии омӯзишии "Сапат" Орҳан Инондӣ ба вакили дифои худ Халил Иброҳим Йилмаз гуфт, ки ӯро се марди қирғиз рабуда буданд.

Вакили дифоъ ба бахши қирғизии Радии Озодӣ гуфт, бо шахси зери ҳимояи худ ҳангоми додани баёнот дар хадамоти амният, додситонӣ ва додгоҳи Туркия вохурдааст.

"Вай намедонад, ки ӯро ки рабудааст. Вале мегӯяд, одамрабоён қирғиз буданд. Онҳо шояд кормандони хадамоти амният, пулис ё каси дигар ҳастанд. Танҳо ҳаминро медонад, ки вайро қирғизҳо рабудаанд. Ӯро боздошт карда, чашмонашро мебанданд ва як рӯз баъд ба Туркия интиқол медиҳанд", - изҳор дошт вакили дифоъ.

Ба гуфтаи вакил, Инондиро чанд соат бо мошин мебаранд ва сипас ба ҳавопаймо савор мекунанд. Вале намедонад, ки аз кадом кишвар вайро бо ҳавопаймо ба Туркия бурдаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи 5-уми июл хабар дода буд, ки Орҳан Инондӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст.

Ба қавли Эрдуғон, амалиёти ба Туркия овардани Инондиро Созмони миллии иктишофӣ анҷом додааст. Эрдуғон аз Орҳан Инондӣ "мудири ФЕТО дар Осиёи Марказӣ" ном бурд. "Мо ба ҳеч сохторе иҷоза намедиҳем, ки камин гирад, хун резад ва ё зарари моливу маънавӣ орад ва мавҷудияташро идома диҳад", - гуфт Эрдуғон.

Вай илова кард, ки то кунун бештар аз 100 кас аз кишварҳои дигар ба Туркия истирдод шудааст.

Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1-уми июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Писари Инондӣ гуфт, он шаб падараш занг зада, гуфтааст, дар роҳ ба сӯи хонаашон мебошад.

Орҳан Инондӣ зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

XS
SM
MD
LG