Ссылки доступа

Дар обхезии Намангони Узбекистон 8 кас фавтид


Дар натиҷаи обхезӣ дар ноҳияи Касансойи вилояти Намангони Узбекистон 8 кас кушта ва 6 тани дигар маҷруҳ шуд. Дар ин бора вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон хабар дод.

Дар вазорат гуфтанд, боронҳои шиддатноки 13 июл дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон боиси обхезӣ шудааст.

Соати 13:35 дақиқаи 13 июл оби дарёи "Касансой" дар ноҳияи Касансойи Узбекистон аз соҳил берун шудааст.

"Таҳқиқи пешакии зарари офат шуруъ шудааст", - хабар доданд дар вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон.

XS
SM
MD
LG