Ссылки доступа

Бо 3,5 кило маводи мухаддир. 347 қирғизтабор аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор кард


Дар ду рӯзи охир 347 сокини қирғизтабори вулусволии Вахони Афғонистон аз тарси силоҳбадастони Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Марзбонони тоҷик ин бор аз дасти паноҳандагон 3,5 килограмм маводи мухаддиро мусодира карданд.

Дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шоми 14-уми июл бо нашри як баёния гуфт, дар ду рӯзи охир, 13-ум ва 14-уми июл аз деҳаи Андемини вулусволии Вахони Афғонистон 347 нафар ба Тоҷикистон паноҳ оварданд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик онҳо барои наҷоти ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи Толибон ба марзи Тоҷикистон омаданд ва марзбонони тоҷик бо риояи усули инсондӯстӣ онҳоро ба қаламрави кишвар роҳ доданд.

Дар баёнияи идораи марзбонии Тоҷикистон гуфта мешавад, фирориён қирғизтаборони Афғонистонанд. Дар миёни паноҳандагон 91 нафар мард, 77 зан ва 177 нафар ноболиғ (64 писар ва 113 духтар) мебошанд. Ба иттилои марзбонони тоҷик аз фавти ду тифли то ду солаи паноҳандагон ҳангоми убури сарҳад хабар медиҳанд. Айни замон мақомоти Тоҷикистон паноҳандагонро дар мавзеи Чоштеппа ва Дуютуки ҷамоати Қизил-работи ноҳияи Мурғоб ҷо додаанд.

Дар як шабонарӯзи охир ин бори дуввум аст, ки марзбонони тоҷик аз вуруди гурезаҳои мулкӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон хабар медиҳанд. Идораи марзбонӣ аз ворид шудани 77 сокини осоиштаи Афғонистон рӯзи 13-уми июл аз тарси таъқиби Толибон ба Тоҷикистон хабар дода буд. Гуфта мешуд, фирориён 26 мард, 20 зан ва 31 хурдсол сокинони деҳаи Андемини вулусволӣ ё ноҳияи Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳастанд. Ин паноҳандагон чорвои хонагии худ, аз ҷумла 1000 чорвои майда, 300 қутос, 3 шутур ва 30 аспро бо худ оварданд. Аммо ин бор марзбонон аз дасти паноҳандагон 3,5 килограмм маводи мухаддиро ёфта ва мусодира кардаанд. Ин бори аввал аст, ки мақомот аз мусодира шудани маводи мухаддир аз паноҳандагони Афғонистон хабар медиҳанд.

Зимнан ин танҳо ҳодисаи ба Тоҷикистон фирор кардани паноҳандагони мулкӣ аз Афғонистон нест. Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл гуфт, 1037 паноҳандаро аз Афғонистон пазируфтанд. Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон қаблан гуфта буд, онҳо барои қабули то 10 ҳазор паноҳанда аз Афғонистон омодагӣ дидаанд.

XS
SM
MD
LG