Ссылки доступа

Овозхон ва мансабдори қазоқистонӣ Сокин Майғозиев як фаъоли ҳизби демократиро ба додгоҳ кашид (видео)


Мудири Хонаи фарҳангии шаҳри Чимкенти Қазоқистон, овозхон Сокин Майғозиев фаъоли гуруҳи ташаббускори таъсисдиҳии Ҳизби демократии Қазоқистон Аружан Дуйсебоеваро ба додгоҳ кашид.

Овозхон Дуйсебоеваро дар "таҳқири шаъну шараф" айбдор мекунад. Дуйсебоева мегӯяд, ӯро ба хотири он ба додгоҳ мекашанд, ки талаб кард, дар бораи бештар аз ним миллиард тангаи барои таҷлили Наврӯз ба шаҳри Чимкент ҷудошуда ҳисобот дода шавад.

Аружан Дуйсебоева гуфт, ӯро ба хотири ду наворе ба додгоҳ кашидаанд, ки моҳҳои март ва апрели соли ҷорӣ дар интернет нашр кард. Дар навор дар бораи 565 миллион тангае баҳс мешавад, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯз ба шаҳри Чимкент ҷудо шудааст.

Ҷониби даъвогар мегӯяд, чаҳор ибораи наворҳо - "гум шудани 565 миллион тангае, ки аз сӯи давлат ҷудо шуда буд", "ҷалб шудан ба фасодкорӣ - хиёнат ба мардум", "фасодкор" нисбати Майғозиев садо додаанд ва ба ин далел шаъну шарафи ӯ паст зада шудааст. Даъвогар аз додгоҳ хостааст, ки Дуйсебоева ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб ва аз вай талаб карда шавад, ки наворҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пок кунад.

Дуйсебоева мегӯяд, бо ин талаб розӣ нест.

XS
SM
MD
LG