Ссылки доступа

Дар марказҳои COVID дар Тошканд ҷой намондааст – танҳо беморони вазнинро мепазиранд


Новая больница для пациентов с COVID-19 в Зангиатинском районе Ташкентской области была открыта в сентябре 2020 года.

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон беморхонаҳои махсуси гирифторони вабои коронавирус танҳо беморонеро қабул мекунанд, ки ҳолати вазнин доранд.

Аз беморхонаи махсуси ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд гуфтанд, танҳо беморонеро қабул мекунанд, ки тавассути мошини ёрии таъҷилӣ оварда шудаанд.

Дар клиникаи илмиву пажуҳишии вирусшиносӣ ва маркази COVID дар "Узэкспосентр" низ аз беморони вабои коронавирус пур шудааст.

Гулнора Файзиева, сокини 60-солаи шаҳри Тошканд мегӯяд, ӯро дар бемористони Зангиота қабул накардаанд. Айни замон бемории вай ба духтар ва ду наберааш сироят карда ва ҳамаи онҳо дар хона табобат мегиранд.

Дар беморхонаи Зангиота пур шудани беморхонаро аз беморон тасдиқ карданд. Аз роҳбарияти беморхона гуфтанд, имкони қабули то 2 ҳазор беморро доранд, аммо ба далели зиёд будани гирифторон, айни замон 2550 беморро ба табобат фаро гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG