Ссылки доступа

Мавқеи Узбекистон дар шохиси ҷаҳонгардии мусулмонон боло рафт


Мавқеи Узбекистон дар раддабандии байналмилалии "Шохиси ҷаҳонгардии мусулмонон" ба мақоми 16-ум баромадааст, ки назар ба нишондодҳои солҳои пеш аз оғози пандемия шаш зина болотар аст.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Кумитаи умури дини назди девони вазирони Узбекистон, ба беҳтар шудани мавқеи Тошканд дар раддабандии мазкур дар соли 2021 як қатор лоиҳаҳое сабаб шудааст, ки ба омӯзиши мероси ғании исломии он кишвар ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ равона гардидаанд.

Узбекистон дар раддабандии "Global Muslim Travel Index - GMTI" соли 2019 дар мақоми 22-ум ва соли 2018 дар мақоми 32-ум қарор дошт.

Ин раддабандиро Оҷонси "Crescent"-и Сингапур аз соли 2015 ба ин сӯ таҳия мекунад. Дар он ба иншоотҳо барои сайёҳони мусулмон дар беш аз 130 кишвар аз рӯи 40 меъёр баҳогузорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG