Ссылки доступа

Роҳбари ҳизби "Миллий тикланиш"-и Узбекистон: барои афроди воксинногирифта маҳдудият ҷорӣ шавад


Роҳбари ҳизби "Миллий тикланиш"-и Узбекистон Алишер Қодиров пешниҳод дорад, барои афроде, ки воксин нагирифтаанд, маҳдудият ҷорӣ шавад.

Қодиров, ки ҳамзамон муовини раиси Палатаи қонунгузори Маҷлиси Олии Узбекистон аст, пешниҳод дорад, корфармо воксингириро барои коргарон ҳатмӣ гардонад.

Ба гуфтаи Қодиров, ҳар узбекистонӣ набояд фаромӯш созад, ки "шаҳрванди озод аст, аммо ҳамзамон дар назди ҷомеа масъулият дорад".

Раиси ҳизби "Миллий тикланиш" рӯзи 26 июн хабар дода буд, ки воксин гирифтааст.

XS
SM
MD
LG