Ссылки доступа

Як фаъоли қазоқистонӣ баъди сӯиқасд ба ҷони худ дар зиндон ҷарроҳӣ шуд


Ержан Елшибоев, фаъоли маданӣ аз шаҳри Жанаозени Қазоқистон шаби 15 ба 16 июл дар зиндон, баъди сӯиқасд ба ҷони худ, ҷарроҳӣ шуд.

Мурод Боймаҳмадов, як фаъоли дигари шаҳрвандӣ аз шаҳри Жанаозен гуфт, охири моҳи гузашта Елшибоев бо айби "вайрон кардани тартиботи адои ҷазои ҷиноӣ" дар зиндон муҷозот шуд. Баъди он Елшибоев бо нишони эътироз ба ҷони худ қасд кард.

Мурод Боймаҳмадов гуфт, эҳтимол дорад, рафтори мақомоти зиндон боис шудааст, ки Елшибоев ба ҷони худ қасд кунад.

Ержан Елшибоев, ки роҳбари эътирозҳои бекорон дар соли 2019 дар Жанаозен ба ҳисоб мерафт, моҳи октябри ҳамон сол ба муҳлати 5 сол зиндонӣ шуд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи қазоқистонӣ Елшибоевро маҳбуси сиёсӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG