Ссылки доступа

Қирғизистон мехоҳад, гурезаҳои қирғизтабори Афғонистонро қабул кунад


Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагии минтақавии Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон барои интиқоли гурезаҳои қирғизтабори Афғонистон ҳамкорӣ мекунад. Девони вазирони Қирғизистон гуфтааст, ки Бишкек омодааст, онҳоро бипазирад.

Муовини раиси девони вазирони Қирғизистон Жилдиз Бакашова 17 июл роҷеъ ба масъалаи қирғизтаборони Афғонистон ҷаласаеро баргузор карда, маълумоти вазоратҳои хориҷӣ, тандурустӣ, ҳолатҳои фавқулода ва Кумитаи амнияти миллии он кишварро шунидааст.

Ӯ ба ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон барои таҳияи маҷмуи тадбирҳои интиқоли гурезаҳо, ҷойгиркунии онҳо дар ҳудуди Қирғизистон, сохтани зербиноиҳои асосӣ ва расонидани кумаки тиббӣ дастур додааст.

Дар ду рӯз 347 сокини қирғизтабори вулусволӣ ё ноҳияи Вахони Афғонистон аз тарси ҷангҷӯёни Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Марзбонони тоҷик гуфтанд, ин бор аз дасти паноҳандагон 3,5 кило маводи мухаддиро мусодира шуд.

Дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шоми 14-уми июл бо нашри баёния гуфт, дар ду рӯзи охир, 13-ум ва 14-уми июл, аз деҳаи Андемини вулусволии Вахони Афғонистон 347 нафар ба Тоҷикистон паноҳ оварданд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, онҳо барои наҷоти ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи Толибон ба марзи Тоҷикистон омаданд ва марзбонони тоҷик бо риояи усули инсондӯстӣ онҳоро ба қаламрави кишвар роҳ доданд.

Дар баёнияи идораи марзбонии Тоҷикистон гуфта мешавад, фирориён қирғизтаборони Афғонистонанд.

XS
SM
MD
LG