Ссылки доступа

Туркия даҳҳо муҳоҷири афғонро дар марз бо Эрон боздошт кард


Мақомоти Туркия хабар доданд, ки давоми ду рӯз 133 муҳоҷири ғайриқонуниро дар наздикии марз бо Эрон боздошт карданд.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Туркия, 73 муҳоҷири афғон рӯзи 17 июл ва 60 муҳоҷири дигар рӯзи 18 июл дар вилояти Ван боздошт шудаанд.

Моҳи гузашта вазирони корҳои хориҷии Туркия, Афғонистон ва Эрон мулоқот баргузор ва ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷиратро баррасӣ карданд. Нигаронӣ аз мавҷи фирориён аз Афғонистон дар пасманзари берун рафтани неруҳои хориҷӣ аз он кишвар бештар шудааст.

Бино ба баҳогузории коршиносон, шуруъ аз моҳи январи соли 2021 270 ҳазор афғонистонӣ дар дохили Афғонистон ба далелҳои амниятӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар кӯчидаанд.

Туркия яке аз самтҳои асосӣ барои муҳоҷирон Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG