Навори парвози мушак ба таври мустақим дар Ютюб нишон дода шуд.
Дар дохили киштии кайҳонӣ сарватмандтарин марди дунё, соҳиби ширкати Blue Origin ва асосгузори мағозаи интернетии Amazon Ҷефф Безос буд. Дороии вай аз сӯи маҷаллаи Forbes бештар аз 200 миллиард доллар баҳо дода мешавад.
Ҳамроҳ бо Безос Уоллӣ Франки 82-сола низ буд. Соли 1961 вай барои парвоз ба кайҳон интихоб шуда буд, аммо он замон натавонист, ки парвоз кунад. Франк куҳансолтарин фардест, ки ба кайҳон парвоз мекунад.
Оливер Деймени 18-сола яке аз дигар ҳамроҳони Безос буд. Вай ҷавонтарин шахсест, ки ба кайҳон рафт. Чаҳорумин мусофири киштии кайҳонӣ бароидари Безос - Марк Безос буд.
Капсула ё қисмати мусофирнишини киштӣ баъди 10 дақиқаву 20 сонифи парвоз ба замин баргашт.