Ссылки доступа

Русия гуфт, пешравии "Толибон" "таъсири мусбат дорад"


Дар вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтанд, пешравии низомии ҳаракати "Толибон" дар Афғонистон таъсири мусбат дорад.

"Худи ин далел, ки толибон ноҳияҳоро ғасб мекунанд, таъсири мусбат хоҳад дошт", - гуфт Замир Кобулов, мудири департаменти дувуми Осиёи вазорати корҳои хориҷии Русия.

Ба гуфтаи вай, толибон ҳангоми ишғоли шимоли Афғонистон гуруҳҳои дигарро, ки фаъолияташон ба Осиёи Марказӣ, Покистон ва Эрон равона шудааст, "мезананду маҳв мекунанд".

Ба ин тартиб, Кобулов гуфт, "Толибон" аз нуқтаи назари амнияти шарикони Русия дар Осиёи Марказӣ "нақши мусбат"-еро мебозанд.

Пештар аз ин ҳайати "Толибон" барои гуфтугӯ ба Москва омад ва баъди гуфтугӯ нишасти хабарӣ баргузор кард. "Толибон" дар пасманзари хуруҷи ИМА ва ҳампаймононаш аз Афғонистон ҳамла ба неруҳои ҳукуматиро шуруъ кардад.

XS
SM
MD
LG