Ссылки доступа

Ҷонибдорони ҳизби мухолиф дар Узбекистон: падар адои ҷазо мекунад, писар аз ҳабс раҳо шуд


Падари хонаводае аз ноҳияи Чинози вилояти Тошканди Узбекистон 10 рӯз ҳабси маъмурӣ шудааст. Писари ӯро моҳи апрели соли ҷорӣ 10 рӯз ҳабси маъмурӣ карда буданд.

Писарро дар итоат накардан ба амри корманди пулис ва монеъ шудан ба иҷрои амри кормани пулис айбдор карданд.

Падарро низ бо айни ҳамин айб ҳабс карданд.

Хидирназар Оллоҳқулов, роҳбари ҳизби сабтнашудаи "Ҳақиқат ва Тараққиёт" дар Узбекистон мегӯяд, падару писар барои узвият дар ҳизб ҷазо гирифтаанд.

Рӯзи 21 июл вазорати адлияи Узбекистон дархости Оллоҳқуловро барои сабти номи ҳизби "Ҳақиқат ва Тараққиёт" рад кард.

Интихоботи президентӣ дар Узбекистон 24 октябри соли ҷорӣ дар назар аст.

Хидирназар Оллоҳқулов моҳи июни соли гузашта хабар дод, ки дар интихоботи президентӣ ширкат меварзад.

XS
SM
MD
LG