Ссылки доступа

Дар натиҷаи омадани сел дар яке аз шаҳрҳои Чин 12 кас ҷон бохт


Дар натиҷаи омадани сел дар маркази маъмурии вилояти Хэнан - шаҳри Чжэнчжоу дасти кам 12 нафар ҷон бохтааст. Дар ин бора Хабаргузории расмии "Синхуа"-и Чин иттилоъ додааст.

Истгоҳҳои метро ва кучаҳои ин шаҳр, ки 10 миллион аҳолӣ дорад, баъд аз боридани борони сахту тулонӣ ба рӯдхона мубаддал шудаанд. Ба иттилои хабаргузорӣ, зиёда аз 100 ҳазор одам ба ҷои бехавф кучонида шудааст.

Видеоҳои нашршуда дар Интернет нишон медиҳанд, ки мошину партовҳо дар рӯи об "шино" мекунанд ва мардум дар як ҳолати фоҷеавӣ қарор доранд. Бархе аз мусофирони метро дар дохили вагонҳо дармондаанд. Ҳамчунин ҷасади шахсони ғарқшуда низ мушоҳида мешавад.

Бино ба гузориши Синхуа, борони сахт дар Чжэнчжоу рӯзи 21 июл низ идома кардааст. "Ингуна борон дар 100 сол як бор меборад. Вазъ мудҳиш аст", - омадааст дар иттилоияи Раёсати пешгирӣ аз офатҳои табиии шаҳр.

XS
SM
MD
LG