Ссылки доступа

Теъдоди низомиёни дар садама фавтида дар Туркманистон ба 30 кас расид


Бархе аз ҷузъиёти марги 18 низомӣ дар Туркманистон дастраси расонаҳо шуд.

Хешовандони фавтидагон гуфтанд, сабаби марги онҳо садамаи нақлиёт будааст. Манобеъ гуфтанд, дар он ҳодиса на 18, балки 30 низомӣ фавтидааст.

"Ҳангоми аз нишебӣ фуруд омадан ронандаи КамАЗ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд ба мошине бархурдааст, ки аз муқобил меомад", - хабар доданд манобеъ.

Дар пайи ин ҳодиса ҳамчунин 20 каси дигар дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 18 июл рух дод.

XS
SM
MD
LG