Ссылки доступа

Дар деҳаи Максати Қирғизистон мактаби дар низои марзӣ тахрибшударо барқарор карданд


Улуғбек Марипов, раиси девони вазирони Қирғизистон ба деҳаи Максати вилояти Бодканди кишвараш рафт. Дар ин деҳа дар натиҷаи низои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ чанд манзилу иншоот тахриб шуда буд.

Марипов ба мактабе рафт, ки дар он низоъ тахриб шуда буд. Он мактаб комилан барқарор шуда, 1 сентябр метавонад, дубора хонандагонро қабул кунад.

Ҳамзамон сохтмони 10 манзили зист ба поён расида, сохтмони 40 манзили дигар 70 дарсад анҷом шудааст. Дар маҷмуъ, дар деҳаи Максат 83 манзили зист сохта мешавад.

Низоми мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон рӯзҳо 28-30 апрел рух дод. Дар натиҷа аз ду тараф даҳҳо одам кушта ва чандин манзилу иншооти дигар тахриб шуд.

Ҳар ду ҷониб дар сар задани низоъ якдигарро айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG