Ссылки доступа

Дар Узбекистон се наврас ронандаи таксиро бераҳмона куштаанд


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фарғонаи Узбекистон чаҳор нафареро дастгир карданд, ки ба куштори бераҳмонаи ронандаи 45-солаи таксӣ айбдор мешаванд. Се нафари онҳо наврас мебошад.

Додситонии кулли Узбекистон гуфт, дар робита ба ин ҳодиса бо бандҳои "Куштори барқасдона бо маслиҳати пешакӣ" ва "Ғоратгарӣ, ки боиси расонидани зарари сахти ҷисмонӣ мешавад" парванда боз шудааст.

Ба иттилои манбаъ, чаҳор нафар, аз ҷумла се навраси аз 16 то 17-сола шаби 20 июл, тақрибан соатҳои 2:00 маслиҳат кардаанд, ки таксиеро даъват карда, ба ҷои беодам мебаранд ва ронандаи онро кушта, амволашро ғорат менамоянд. Онҳо ба ширкати Eva Taxi дар Фарғона занг зада, барои рафтан ба ноҳияи Кувин таксӣ фармоиш додаанд.

Соати 2:58 ба назди онҳо ронанда А. А. (соли таваллудаш 1975) бо мошини навъи Nexia-3 ҳозир шуда, барои интиқоли гумонбарон то ба обанбори "Каркидон" розӣ шудааст. Ҳангоми наздик шудани мошин ба заминҳои хоҷагии деҳқоние онҳо ба ронанда ҳамла карда, ӯро куштаанд.

Гумонбарон мошин, 50 ҳазор сӯм ва телефони "Xiaomi Mi Note Pro"-и ронандаро рабудаанд.

XS
SM
MD
LG