Ссылки доступа

Имомхатибро дар Кӯлоб 5 сол зиндонӣ карданд. Падараш: "Ба кӣ шикоят кунем?"


Имомхатиби масҷиди маҳаллаи "Нонвойи поён"-и шаҳри Кӯлобро ба панҷ сол зиндон маҳкум кардаанд. Маҳмадсодиқ Саидови 28-сола моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дастгир ва ба ҳамкорӣ бо сомонаи "Ислоҳ" муттаҳам шуд.

Мудири сомонаи "Ислоҳ", ки дар Аврупо кору зиндагӣ мекунад, қаблан иртиботашро бо имомхатиб инкор карда буд.

Иззатулло Табарзода, раиси Додгоҳи минтақаи Кӯлоб, дар оғози ҳафта гуфт, ҳангоми муҳокимаи парванда гуноҳи имомхатиб "тасдиқ шудааст".

"Аз 1-уми феврал то 4-уми марти имсол ба Муҳаммадиқболи С. тавассути телефони мобилӣ иртибот пайдо карда, нусхаи мавъизаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Кумитаи динро ба воситаи Фейсбук фиристодааст. Ба ғайр аз ин, маълумотро дар бораи вазъи кунунии Кӯлоб ва роҳбарияти он ирсол кардааст", -- шарҳ дод раиси Додгоҳ.

Сомонаи "Ислоҳ", ки ҳамвора дар бораи мансабдорони тоҷик ва дороии онҳову хонаводаҳояшон матолиби танқидӣ нашр мекунад, нусхаи мавъизаҳои намози ҷумъаро низ нашр мекард. Ин мавъизаҳо аз тарафи Кумитаи дин омода ва ба имомхатибон расонда мешуд.

Вале пештар Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири "Ислоҳ", ҳамкории имомхатиби "Нонвойи поён"-ро бо сомонаи зери раҳбарияш рад карда, беасос дониста буд.

Раиси Додгоҳи минтақаи Кӯлоб мегӯяд, Маҳмадсодиқ Саидов танҳо касе нест, ки бо гуноҳи ҳамкорӣ бо сомонаи наздик ба мухолифини тоҷик маҳкум шудааст. Ба иттилои Иззатулло Табарзода, Абдуғаффор Раҷабов ва Асламхон Каримов, сокинони дигари шаҳри Кӯлоб, низ бо ҷурми иртибот бо сомонаи "Ислоҳ" панҷ солии умри худро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳанд кард.

Маҳмадсодиқ Саидов, писари Домулло Холмурод Саидов, яке аз рӯҳониёни шинохтаи Кӯлоб, соли 2016 имомхатиби масҷиди “Нонвойи поён”-и шаҳри Кӯлоб таъин шуда, то замон боздошт дар ин вазифа кор мекард.

Домулло Холмурод гуфт, аз рӯйи ҳукми додгоҳ ба ҷое шикоят набурдаанд. "Чӣ шикоят мекунем? Давлатдорӣ аст. Ба кӣ шикоят мекунем? Ҳамааш ҳамин давлатанд дигар", -- кӯтоҳ гуфт ӯ.

Дар гузашта боздошти имомхатибон аз сӯи мақомоти қудратӣ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ интиқоди зиёдеро ба миён оварда буд. Ин суол ҳам матраҳ шуд, ки вақте имомхатибон бо мувофиқаи мақомот таъин мешаванд, чӣ гуна мумкин аст боз бо созмонҳои мамнуъ ҳамкорӣ кунанд.

Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол панҷ сокини Кӯлоб бо гуноҳи ҳамкорӣ бо Ҳизби ҳоло фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки раҳбаронаш дар хориҷа ин қарорро беасос медонанд, низ аз панҷ то ҳашт сол зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG