Ссылки доступа

Беморхонаҳои сироятии шаҳри Нурсултон 72 дарсад пур шудаанд


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҳамаи беморхонаи сироятӣ то 72 дарсад пур шудааст. Дар ин бора Тимур Муродов, як масъули беҳдоштии Нурсултон хабар дод.

Вай гуфт, то рӯзи 22 июл 2556 бемор дар беморхонаҳои сироятӣ табобат мегирифтанд.

"Мо маҷбур будем, ки теъдоди катҳоро бештар кунем", - гуфт Муродов.

Дар ҳоли ҳозир барои табобати гирифторони вабои коронавирус дар шаҳри Нурсултон 16 беморхона ҷудо шудааст.

Ба иттилои мақомоти тиббии Қазоқистон, ҳамарӯза дар шаҳри Нурсултон 10-15 кас аз вабои коронавирус мефавтад. Дар як рӯзи охир 333 кас бо аломатҳои гирифторӣ ба коронавирус бистарӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG