Ссылки доступа

Тоҷикистон тавони қабули то 100 ҳазор паноҳандаи афғонро доштааст


Временный лагерь для беженцев из Афганистана в ГБАО

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки тавони қабули то 100 ҳазор паноҳандаи афғонро доранд.

Дар пасманзари ба дасти Толибон афтодани манотиқи зиёде дар Афғонистон, эҳтимоли сарозер шудани паноҳандагон аз ин кишвар ба Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, бештар шудааст. Дар ҳоли ҳозир аксари манотиқи Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон дар дасти Толибон қарор дорад.

Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки айни ҳол қабули 100 ҳазор паноҳандаи афғон ба нақша гирифта шудааст. Ба гуфта ин масъули КҲФ, дар сурати пеш омадани мушкил, ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат хоҳанд кард. Имомалӣ Иброҳимзода афзуд, ки ҳоло сохтмони ду анбори маводи ғайри хӯрокворӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Кӯшониён барои гурезаҳои афғон идома дорад.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфтанд, ки рузҳои гузашта 1600 паноҳандаи афғонро, ки аз тарси Толибон ба хоки Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, тавассути 11 хатсайр ба кишварашон баргардонданд.

Чанд руз қабл раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳам гуфта буд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо ҳамдастии созмонҳои байналмилалӣ ба сохтмони паноҳгоҳ машғуланд. Ба иттилои ӯ, бошишгоҳ дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) сохта мешавад.

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳам моҳи июл дар ҷаласае гуфта буд, ки маҳсулоти ниёзи аввалро дар ин вилоят бояд захира кунанд ва барои қабули паноҳандагони эҳтимолӣ омодагӣ гиранд.

Бо ишғол шудани минтақаҳои шимолии Афғонистон аз тарафи Толибон дар аввали моҳи июл, садҳо шаҳрванди Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд. Ҳоло бахши умдаи марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки зиёда аз 1400 километр аст, зери назорати Толибон мебошад.

Ҷангу хушунатҳо дар Афғонистон ду моҳ пеш, замоне ки Амрико эълон кард, нерӯҳояшро аз Афғонистон берун мебарад, афзоиш ёфт. Ба гуфтаи ҳукумати Афғонистон, дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои ин кишвар бо Толибон садҳо ҳазор одам гуреза шудааст.

XS
SM
MD
LG