Ссылки доступа

Дар Узбекистон маъракаҳои интихоботи президентӣ оғоз шуданд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон 23 июл қарор кард, ки маъракаҳои интихоботи президентии он кишвар оғоз карда шаванд. Дар ин бора расонаҳо бо истинод ба раиси комиссия Зайниддин Низомхоҷаев иттилоъ доданд.

"Бар асоси банди 90 ва 117-и Конститутсияи Узбекистон тасмим гирифта шуд, маъракаҳои интихоботи президентии кишвар, ки қарор аст, 24 октябр баргузор гардад, то аз 23 июл оғоз карда шаванд", - изҳор доштааст Низомхоҷаев дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд.

Тибқи Кодекси интихоботии Узбекистон, ҳаққи пешбарии номзад ба мақоми президентиро ҳизбҳои сиёсие доранд, ки на дертар аз шаш моҳ пеш аз интихобот дар Вазорати адлияи он кишвар сабтином шудаанд.

Пешбарии номзадҳо ба мақоми президентии Узбекистон дар интихоботи моҳи октябри имсол аз 20 август то 9 сентябр идома меёбад.

Ду ҳизб -- "Эрк" ба раҳбарии сиёсатмадори мухолиф Муҳаммад Солеҳ ва Ҳизби нави "Ҳақиқат ва Тараққиёт", ки онро Хидирназар Аллақулов раҳбарӣ мекунад, талош карданд, барои иштирок дар интихоботи президентии Узбекистон худро сабти ном кунанд, вале аз Вазорати адлияи он кишвар борҳо ҷавоби рад гирифтанд.

XS
SM
MD
LG