Гаршин гуфт, як соли пеш дар андешаи таъсиси чунин ҳизбе буд ва ҳамакнун 20 тан узви кумитаи тадорукоти он шудаанд.
Гаршин гуфт, аъзои кумитаи тадорукот аз афроди рушанфикр ва фаъолони ҷамъиятӣ иборат аст. Ба гуфтаи вай, дар наздиктарин фурсат анҷумани ҳизбаш баргузор хоҳад шуд.
Қонунгузории Узбекистон талаб мекунад, ки ҳайати кумитаи тадорукот на камтар аз 50 кас бошад. Гаршин гуфт, дар тадоруки ҷамъоварии аъзои дигари кумитаи тадорукот аст.
Алексей Гаршин гуфт, ки нияти дар интихоботи президентии тирамоҳи соли ҷорӣ иштирок карданро надорад.
Алексей Гаршин нахустин шуда аз истироҳатгоҳи "Шоввозсой" хабар дод. Расонаҳо навиштанд, ки ин истироҳатгоҳ ба Мирзиёев тааллуқ дорад.